Президент — ҳомии Конститутсия ва қонунҳо-бардошт аз ҷамъомади идона дар Кумитаи рушди маҳал
ДУШАНБЕ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомад баргузор гардид.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар тамоми кормандони Кумитаро бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, гуфт, ки “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ барои давлатдорӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Сарвари давлат шахсиятест, ки бо дилу иродаи бузург соҳиби эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст”.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки идоракунии шакли президентӣ ба мо барои муътадил нигоҳ доштани вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад Раиси Кумита Қосим Роҳбар ба кормандони Кумита китоби тозанашри “Тулӯи ҳақиқат”-ро, ки аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст, тақдим намуд.
Гуфта шуд, ки дар ин китоб сухан аз осори илмиву таърихӣ, адабиву фарҳангии Сарвари давлат меравад, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Олимону донишмандони маъруф дар бораи арзиши баланди ин китоб назари хешро баён кардаанд ва он барои аҳли ҷомеаю доираи васеи хонандагон муфид мебошад.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






