Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуданд

Ноябрь 6, 2019 16:04

ДУШАНБЕ, 06.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Конфедератсияи Швейтсария имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд.

Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни энергетика, инфрасохторӣ, бахши истеҳсолоти саноатӣ, саноати кўҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом, бахшҳои молия ва бонкдорӣ, сайёҳӣ ва дорусозӣ, барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.

Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шавад ва соли оянда ҷаласаи нахустини он дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария мубоҳисаи судманд баргузор шуд.

Дар форум ҷонибҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд:

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи муштараки савдои Швейтсария ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ;­­­

— Ёддошти тафоҳум байни Созмони миллии маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Ширкати “Гленкор”-и Конфедератсияи Швейтсария ва Ширкати “Талко”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот ба маблағи 1,3 миллиард доллари америкоӣ.

Мулоқот бо намояндагони доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Конфедератсияи Швейтсария 06.11.2019

Ноябрь 6, 2019 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд