Рустам Азизӣ: «Давлатдории миллиро бе асоси дунявият тасаввур кардан имконнопазир аст»

Ноябрь 27, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 27.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давлатдории миллиро бе асоси дунявият тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро дар такя ба он мо метавонем сохтори ҷамъиятӣ, истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллиро таъмин намуда, арзишҳои миллиро ҳифз ва барои рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварем. Ин нуктаро муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ зимни ҷамъомади илмии «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» доир шуд, баён дошт.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сохти давлатдории дунявиро пеш гирифта, заминаҳои меъёриву ҳукуқии онро дар Конститутсияи худ ба таври возеҳ муқаррар намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур  намояндагони Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, доираи васеи олимону донишмандон ва пажӯҳишгарон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдиду хатарҳои гуногуни рушд тақвияти фарҳанги миллӣ омили асосии бақои миллатҳо мебошад.

«Пайванди фарҳанги арзишманди миллӣ бо суннатҳои мондагори динию мазҳабӣ ва маданияту арзишҳои умумибашарӣ асоси рушди ҷомеа ва устувории давлатдории навини тоҷикон мебошад», — афзуд Рустам Азизӣ.

Сармутахассиси шаъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаъзам Қодирзода баргузории ҷамъомадро муҳим шуморида, гуфт: «Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсати ҷаҳонӣ барномаи муваффақонаи эҳёи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои диниро дар солҳои соҳибистиқлолӣ татбиқ намуда, иқтидори омӯзанда ва ахлоқии онро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии худ сафарбар намояд».

Ба гуфтаи иштирокдорон, мавзӯҳое, ки зимни ин ҷамъомад баррасӣ гардиданд, барои баҳогузории дурусти таносуби арзишҳои милливу динӣ ва таҳия намудани роҳу усулҳои пешгирӣ аз равандҳои ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои гуногун мусоидат менамояд.

«Дар давлатҳои миллии рушдкунанда маҳз муносибати низоми давлатдории дунявӣ ва фарҳанги милливу арзишҳои динӣ яке аз омилҳои муҳими суботу амнияти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад», — илова намуд  Саидаъзам Қодирзода.

Дар ҷамъомад муҳаққиқон оид ба мушкилоти таҳлил ва шинохти арзишҳои миллӣ ва динӣ, пайванди арзишҳои динӣ бо фарҳанги муосири миллӣ дар таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон, нақши арзишҳои миллӣ дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар мероси фарҳангии ниёгон ибрози назар намуданд.

 

Ноябрь 27, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид