«Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» — Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи амнияти ҳаракат дар роҳ
ДУШАНБЕ, 18.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябр то 28 декабр дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳти унвони «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак — 2019» Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин расми кӯдакона эълон менамояд. Довталабон расмҳоро бояд то 20 декабр ба Кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод намоянд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу ташвиқи омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо мебошад.
«Ба ин восита хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳавасманд карда мешаванд. Зеро аз надонистани ин қоидаҳо ва риоя накардани онҳо баъзе аз наврасон ба ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дучор мегарданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ин садамаҳои нақлиётӣ қисме аз наврасон маҷрӯҳ гардида, қисмати дигарашон ба ҳалокат мерасанд», — илова намуд манбаъ.
Дар Озмун хонандагони аз 8 то 13-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.
Озмун 28 декабри соли 2019 ҷамъбаст гардида, ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» ҳамасола охири сол ҷамъбаст карда мешавад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд.
Расмҳои беҳтарине, ки дар озмун баҳои баланд мегиранд, минбаъд тавассути варақаҳо ва таҳияи роликҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни кӯдакону наврасон паҳн карда мешаванд.
Озмуни мазкур соли гузашта 29 декабр дар толори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар муддати як моҳе, ки озмуни мазкур эълон гардида буд, ба унвони он зиёда аз 500 расм дар мавзӯи пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ворид гардиданд.
Аъзои ҳакамон баъди азназаргузаронии расмҳои пешниҳодгардида якдилона ҷойи аввалро сазовори хонандаи синфи 8-уми Гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Олимҷон Исмоилов донистанд.
Хонандаи синфи 7-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Саидшоҳи Бекназар ва хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 78-и шаҳри Душанбе Сумая Облоёрова ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Ҷойи сеюми Озмун насиби хонандаи синфи 7-уми МТМУ №28-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ Саидбек Ноёфтов, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №14 шаҳри Душанбе Фарҳод Шарифов, хонандаи синфи 6-уми Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Анушервон Гулов гардид.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»










ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Агентии хизмати давлатӣ талаботи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ»-ро мавриди санҷиш қарор дод
Дар Тоҷикистон сомонаи сифати ҳаво фаъол гардид
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст






