Шамсиддин Орумбекзода дар Форуми вазирони фарҳанги давлатҳои ҷаҳон дар Париж иштирок намуд

Ноябрь 20, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия  бо ташаббуси ЮНЕСКО Форуми вазирони фарҳанги давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар форуми мазкур  140 нафар намояндагони  мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Аз  Тоҷикистон дар ин форум Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, Сафири Тоҷикистон дар Франсия Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби Комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон ширкат намуданд.

Форумро Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ифтитоҳ намуд. Дар кори он масъалаҳои дурнамои фаъолият то соли 2030, ҳамзистии фарҳанги маънавӣ дар шароити ҳозираи тамаддун, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқлим, ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ дар ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардиданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро  ба фарҳанги қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва сиёсати дарҳои кушоди пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.

Ҳамчунин дар Форум вазирони фарҳанги дигар давлатҳои ҷаҳон оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳа сухан гуфтанд.

Ноябрь 20, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад