Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.111.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Намоишгоҳи 25-уми байналмилалии сайёҳии Тошканд – TITF 2019 — Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим», ки аз 13 то 15 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии намоишгоҳ иттилоотонии иштирокчиён ва меҳмонон дар бораи намудҳои гуногуни истироҳат ва самтҳои нави сайёҳӣ дар минтақа, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самтҳо мебошад.
Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Беларус, Россия, Украина, Ҳиндустон, Чин, Корея, Малайзия, Индонезия, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба роҳ мондани хатсайрҳои муштарак гуфтушунидҳо анҷом доданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.
Ҳамчунин самаранок истифода намудани чор пайроҳаи таърихии Шоҳроҳи Абрешим, ки аз Тоҷикистон мегузаранд, ҳамчун бренди сайёҳии мамлакат баҳри ташрифи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Иштирок дар Намоишгоҳи мазкур ва густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ имконият медиҳад, ки хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ бо фарогирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил ва амалӣ карда шаванд.








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд






