Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба Зафар Раҳимӣ тақдим гардид

Ноябрь 18, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президент дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.

Тавре котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён,  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Намоишгоҳро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон —  Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Сипас  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун- 50 000 сомониро ба иҷрокунандаи оҳанги «Достони Ҳулбук» аз номинатсияи «Оҳангсоз» Зафар Раҳимӣ тақдим намуд.

Ҷойи аввал- 30 000 сомонӣ ба Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе тибқи номинатсияи «Навозандаи анъанавӣ» сазовор дониста шуд. Ҷойи дуввум- 20 000 сомонӣ ба Шарифҷон  Раҳимзода аз шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм- 15 000 сомонӣ  ба  Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун тақдим гардид.

Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи консертии озмуни мазкур суруду оҳангҳое, ки тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон буданд, замзама гардиданд.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни  иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

Дар даври якум  дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо 2959 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумораи иштирокчиёни даври аввал 705 нафар ба даври дуюм, яъне даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Баъди санҷиши ҳунари иштирокчиён дар даври дуюм ҳайати ҳакамон ба 65 нафар барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат ва тавсия доданд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти сарпарастии Пешвои миллат  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  баргузор гардиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст аст, ки чунин озмунҳо доир  мегарданд. Ҳадаф аз баргузории озмун тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакат арзёбӣ гардид.

 

Ноябрь 18, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид