Соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо захираи кофии ангишт ва ҳезум ба давраи зимистон омода мебошанд
РОҒУН, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд.
Тавре аз шуъбаи иқтисодии шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо 568 тонна ангишт, 312 м3 ҳезум, 2820 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 30 тонна ангишт, 30 м3 ҳезум, 300 литр сӯзишворӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин муддат муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ пурра ба ангишт ва ҳезум таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин давоми соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дегхона ва шабакаҳои гармидиҳии мактабҳои № 22 ба маблағи 238,0 ҳазор сомонӣ ва №5 ба маблағи 47,0 ҳазор сомонӣ аз нав барқарор карда шудааст.
Раёсати молияи шаҳр дар асоси нақшаи муайяншуда 484 ҳазор сомонӣ барои иҷрои корҳои таъмирӣ ва 376,6 ҳазор сомонӣ барои хариди сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла ангишт ва ҳезум ҷудо намудааст.
Дар фасли зимистон тоза будану бо маводи зиддилағжиш таъмин будани шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Лахш барои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Роғун омехтаи маводи зидди лағжиш 750м3, 100 литр равғанҳои молиданӣ, 7 тонна ангишт, 5м3 ҳезум ва 3000 литр сӯзишвории дизелӣ захира намуда, 7 адад техникаи муассиса ҳамеша омода мебошанд.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






