Соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо захираи кофии ангишт ва ҳезум ба давраи зимистон омода мебошанд

Ноябрь 19, 2019 10:23

РОҒУН, 19.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар асоси   Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Тавре аз шуъбаи иқтисодии шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, таъмини  муассисаҳои таълимӣ бо 568 тонна ангишт, 312 м3 ҳезум, 2820 литр сӯзишворӣ, дар соҳаи тандурустӣ 30 тонна ангишт, 30 м3 ҳезум, 300 литр сӯзишворӣ барои мавсими тирамоҳу зимистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин муддат муассисаҳои соҳаи маориф  ва тандурустӣ  пурра ба ангишт ва ҳезум таъмин карда шудаанд.  Ҳамчунин давоми соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дегхона ва шабакаҳои гармидиҳии мактабҳои № 22 ба маблағи  238,0 ҳазор сомонӣ ва №5 ба маблағи  47,0 ҳазор сомонӣ аз нав барқарор карда шудааст.

Раёсати молияи шаҳр  дар асоси нақшаи муайяншуда 484 ҳазор сомонӣ  барои иҷрои корҳои таъмирӣ ва 376,6 ҳазор сомонӣ барои хариди  сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, аз  ҷумла ангишт ва ҳезум ҷудо намудааст.

Дар фасли зимистон тоза будану бо маводи зиддилағжиш таъмин будани шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Лахш барои ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Роғун   омехтаи маводи зидди лағжиш 750м3, 100 литр равғанҳои молиданӣ, 7 тонна ангишт, 5м3 ҳезум ва 3000 литр сӯзишвории дизелӣ  захира намуда, 7 адад техникаи муассиса ҳамеша омода мебошанд.

Ноябрь 19, 2019 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»