Соли 2020 якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо мегузарад
ДУШАНБЕ, 18.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар робита ба он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии мазкур нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.
Дар зимн 15-16 ноябр дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Департаменти баҳодиҳии сиёсати савдои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) Вилли Алфаро, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии СУС хонум Бриҷит Чилала, Мушовири калон оид ба мусоидати рушди савдои Маркази байналмилалии савдо Муҳаммад Саид, намояндагони Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Конфронси СММ оид ба савдо мулоқот намуда, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва савдоро баррасӣ намуданд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар вохўриҳо ҷонибҳои СУС ва СММ аз пешравиҳои ноилгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла оғози расмии Портали савдои Тоҷикистон ва Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва тарнзитӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани якумин тафсири сиёсати савдои мамлакат дар СУС ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳаи савдо баён карданд.
Ҳамзамон ҳайати ҷумҳурӣ дар якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.








Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд






