Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа баргузор гардид

Ноябрь 18, 2019 18:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Охири ҳафтаи гузашта  таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим  ҷаласаи навбатии Кумитаи  миллии ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Кумитаи  миллии ҳамоҳангсозӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони даъватшуда ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Барномаи миллии мубориза бо бемории ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 баррасӣ шуданд. Ҳамзамон нақшаи кории Кумитаи  миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, нақшаи кори Комиссияи назорат дар назди Кумитаи миллии  ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияи назоратии назди Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди СПИД, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо муайян карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ  иҷрои барномаҳои давлатии мубориза бо СПИД аз ҷониби сохторҳои марбута  дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дар асоси муҳокимаи ҳисоботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки вазорат корҳои муайянро оид ба пешгирии ВНМО/ СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ анҷом додааст. Аммо, раиси Кумитаи  миллии ҳамоҳангсозӣ фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирии ВНМО/СПИД дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ нокофӣ эътироф кард.

Ӯ дастур дод, ки кумак ба муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро бояд тақвият бахшид. Вай инчунин иброз кард, ки марказҳои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон ва шуъбаҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  бояд корро дар ин масир пурзӯр намоянд.

Ҳисоботи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Барномаи миллии мубориза бо бемориҳои ВНМО барои солҳои 2017-2020 шунида шуд ва мусбат арзёбӣ гардид. Раиси Кумитаи  миллии ҳамоҳангсозӣ ба роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки пешниҳоди хизматрасониҳои тиббии мувофиқро барои шахсони мубталои ВНМО, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд, беҳтар созанд.

Аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки ҳамасола маблағгузорӣ барои амалисозии барномаҳои миллии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷаи давлат зиёд карда мешавад, аз ҷумла соли оянда маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои санҷиши ин беморӣ  1 миллион сомонӣ афзоиш меёбад.

Зимни муҳокима намояндагони USAID дар Тоҷикистон, ассотсиатсияи ғайридавлатии байналмилалии “Табибони бидуни марз ” ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати идомаи маблағгузории барномаҳои давлатӣ дар соҳаи назорат бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.

Намояндагони ЮСАИД гуфтанд, ки гранти ЮСАИД барои аз байн бурдани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд. Он  аз ҷониби UPAssosiat ба муҳлати 5 сол ба маблағи 31,6 миллион доллари ИМА  татбиқ карда мешавад ва  15,2 миллион доллари он ба Точикистон фиристода мешавад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи Фонди глобалӣ Алан Набиев инчунин ба раиси КММ дар бораи муҳлати пешниҳоди аризаҳои навбатӣ барои Гранти Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бо ВНМО/СПИД ва сил, ки то 23 марти соли 2020 муайян карда мешавад, маълумот дод.

Онҳо инчунин лоиҳаи Нақшаи кори Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ   барои соли 2020 ва Нақшаи кори Комиссияи назоратии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ    барои соли 2020-ро баррасӣ ва тасдиқ карданд.

Дар мулоқот Азим Иброҳим иброз намуд, ки баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор дорад ва аз ин рӯ, сохторҳои масъул вазифадор карда шуданд, ки тамоми уҳдадориҳои худро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоянд.

Ноябрь 18, 2019 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд