ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 308-умин рӯзи соли 2019 аст

Ноябрь 4, 2019 08:00

4 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси илмию амалии байналмилалии «Мақомоти назорати конститутсионӣ дар шароити ҳамгироии системаҳои ҳуқуқӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва амалияи Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

***

3 сол қабл, 4 ноябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Сеул-Душанбе бори нахуст парвоз анҷом дод.

4 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Украина — Рӯзи кормандони роҳи оҳан.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

4 ноябри соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе бевосита шинос шуда, чанд бинои нави истиқоматӣ ва иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

4 ноябри соли 2009 Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Полша дар соҳаҳои фарҳанг, илм, таҳсилоти олӣ ва маданӣ ба имзо расид.

***

120 сол пеш, 4 ноябри соли 1899 китоби машҳури Зигмун Фрейд «Таъбири хоб» нашр шуд

***

4 ноябри соли 1967 манораи телевизионии «Останкино» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

***

4 ноябри соли 1981 Осорхонаи марказии Вазорати корҳои дохилии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ифтитоҳ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Чемпиони  Тоҷикистон -дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ  бозӣ анҷом дода, бо соҳиб шудан ба ҷои дуюм  500 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

***

Соли 1862 ихтироъкори америкоӣ Р. Гатлинг «Оташи тез» (пулемёт) ихтироъ кард.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Ноябрь 4, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст