Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?

Март 28, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили олимони соҳаи тиб,  бемории аллергия дар 85 фоизи одамон  дар фасли баҳор авҷ мегирад.  Зеро аллергенҳо дар хоки намноки аз барф обшуда, баргҳо ва алафҳои хушкида пайдо мешаванд. Хусусан дар фасли баҳор ва тирамоҳ, ки чанг бисёр ва ҳар гуна ҳашарот зиёд мешаванд, гирифторони аллергия низ меафзоянд.  

Дар фасли баҳор бархе одамон нисбат ба омилҳои берунӣ, ба монанди хӯрокиҳо, атрҳо, гарди гулҳо, гарду хок ва дигар чизҳо ҳассосият пайдо менамоянд. Он ба таври маъмул-дар  шакли хориш, сӯзиш, атса, сурфа, обрезии бинӣ, ашки чашм ва илтиҳоби роҳҳои нафаскашӣ зоҳир мегардад. Дар тибби имрӯза онро  аллергия меноманд.

Нишонаҳои аллергия метавонанд дар ҷойҳои гуногуни организм пайдо шуда, шояд аз чанд дақиқа то чанд соат давом кунанд. Мутахассисон чунин нишонаҳои ин бемориро номбар намудаанд: нафаскашии душвор, сулфаи давомдор, чашмони сурхшуда ва обрав, дард ва илтиҳоби буғумҳо, шукуфа дар пӯст, шикамравӣ, қайкунӣ ва ғайраҳо.

Инчунин он метавонад аз таъсири пашми баъзе намудҳои ҳайвонот, маводи хӯроквории гуногун, чангу ғубор, доруҳо, маводи кимиёвӣ, газидани ҳашарот, гарди гулҳо ва таъсири Офтоб пайдо шавад.

Одамоне, ки дигар намуди бемориҳои аллергӣ, масалан астмаи бронхиалӣ ё шукуфа (экзема) доранд, дар аксар мавридҳо аз зукоми аллергӣ низ азият мекашанд. Ҳангоми гирифторӣ ба зукоми аллергӣ шояд нишонаҳои зерин пайдо шаванд: хориш дар чашмон, дар гулӯ, дар бинӣ ва дар ком, атсазанӣ ва инчунин маҳкамшавии бинӣ, обравӣ аз чашмон, обравии луобӣ аз бинӣ, сурхшавӣ ва дарди чашмон. Дар ҳолатҳои вазнин зукоми аллергӣ метавонад хурӯҷи астма (дар одамоне, ки аз астма азият мекашанд) ва ё шукуфа (экзема)-ро пайдо кунад.

Ба тавсияи мутахассисон, ин беморӣ хатарнок нест, аммо омилҳои он метавонанд ба бадани инсон зарари ҷиддӣ расонанд. Агар яке аз волидон аллергия дошта бошад, эҳтимоли пайдоиши аллергия дар фарзандон ба назар мерасад. Аллергия дар аксар маврид дар синни кӯдакӣ пайдо мешавад ва он бо мурури вақт афзоиш меёбад. Дар ин маврид мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки истифодаи доруҳоро кам намоянд, зеро бояд системаи масуниятии кӯдак бо он мубориза барад.

Вақте системаи масуният ба аллергия дучор мешавад, илтиҳоб ва асабоният ба вуҷуд меояд. Аломатҳо ва нишонаҳо аз намуди аллергия вобастаанд. Аксуламалҳои аллергиявӣ метавонанд дар рӯдаҳо (системаи ҳозима), пӯст, роҳҳои нафас, чашм ва бинӣ ҷой гиранд.

Бештари инсонҳо аллергияро ҷиддӣ қабул накарда, худсарона муолиҷа мекунанд ва доруҳои зиддиалергӣ истеъмол менамоянд. Ин амали онҳо боиси пайдо гардидани бемориҳои гуногун мегардад. Дар ҳолати мушоҳида намудани нишонаҳои аллергия ҳатман ба духтури оилавӣ ё ба духтур-аллерголог муроҷиат намуда, аз санҷишҳои махсус гузаштан зарур аст.  Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитарию гигиенаи шахсиро риоя намуд. Инчунин тарзи ҳаёти солим, истеъмоли  ғизои табиӣ ва истифодаи дурусти дорувориҳо зарур аст.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир