«Тарҷумаи бадеӣ — рукни муҳими адабиёт»-таҳти ин унвон маҳфили эҷодии нависанда ва тарҷумон Абдуғаффор Абдуҷаббор доир шуд

Ноябрь 29, 2019 15:35

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии нависанда, тарҷумон, драматург Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти унвони «Тарҷумаи бадеӣ — рукни муҳими адабиёт» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҳфил доираи васеи адибон, нависандагон, мутарҷимон, намояндагони муассисаҳои олии таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ифтитоҳ намуд.

Абдуғаффори Абдуҷаббор академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи бадеии ҷаҳон «Новая Эра», профессори Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ, доктори фалсафа дар соҳаи адабиёт, узви иттифоқҳои рӯзноманигорон, арбобони театр (1990), нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия буда, дар баробари ин узви Иттиҳодияи байналхалқии мутарҷимон мебошад.

Ӯ барандаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ, Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон буда, инчунин бо ордени «Шараф» дараҷаи II, ордени «Дили Данко» (Россия), медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон», медали тиллоии Донишгоҳи Байналхалқии Таълими Бунёдӣ (2014, Санкт-Петербург) қадрдонӣ шудааст.

Зимни маҳфил оид ба фаъолияти эҷодии Абдуғаффори Абдуҷаббор сухан рафта, ба ду повести дар ду соли охир эҷодшудаи нависанда «ЗооПарк» ва «Ҷазираи беном» баҳои баланд дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Абдуғаффори Абдуҷаббор ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ҳиндӣ, немисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, аварӣ, англисӣ, кореягӣ, беларусӣ, франсузӣ тарҷума шуда, пйесаҳояш «Сӯҳони қазо», «Масал бигӯ, Эзоп!», «Зодрӯзи рӯбоҳаки содаяк», «Суруди вопасин» дар театрҳо  ба саҳна гузошта шудаанд.  Пйесаи муаллиф «Назаркарда» ба фаъолияти камназири сулҳофаринии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.

Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи даҳҳо мақолаву очерк, резаҳикоя, повестҳои «Куҷоӣ ту, ай мақсуди дастнорас?», «Барфи охирин», «ЗооПарк», «Ҷазираи беном», силсилаи китобҳои «Каприччио» оид ба ҳаёти композитори барҷаста Толиб Шаҳидӣ, «Дарсҳои Вафо Назаров» бахшида ба қисмати рассоми машҳур ва «Фарзанди сарзамини қазоқ» — Ҳунарпешаи халқии СССР Асаналӣ Ашимов буда, 30 ҳикояи адибони шинохтаи олам, асарҳои публитсистии Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ», «Дар дили АвруОсиё», Сун Сзячжен «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин», ҷилди якуми китоби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» ва ёздаҳ пйесаи драматургони ҷаҳониро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Сипас дигар олимону адибон низ оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти нависанда маъруза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Китоби «ЗооПарк» соли 2017 дар номинатсияи «Беҳтарин асари насрӣ» «Китоби сол» эълон гардида буд.

 

Ноябрь 29, 2019 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид