Варзишгари навраси тоҷик Ислом Толибов дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Ислом Толибов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ соҳиби медали тилло гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ аз 22 то 24 ноябр дар Тайпейи Чин баргузор шуда, дар он 152 нафар варзишгарони беш аз 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 3 варзишгар муаррифӣ намуда, ҳар се сазовори медал:
1 тилло ва 2 биринҷӣ гардиданд.
Ислом Толибов дар вазни 57 кг аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон Соҳит Соҳит ва Қазоқистон Алтинбек Жадрасинов, дар нимфинал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистонӣ пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.
Насимҷон Турдибеков дар вазни 68 кг аз рӯи гӯштини юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт ва Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57кг дар гӯштини озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






