«Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» азми наворгирии «Саргузашти Хоҷа Насриддин» доранд
ДУШАНБЕ, 18.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» тасмим гирифтаанд, ки дар якҷоягӣ силсилафилми аниматсионии «Саргузашти Хоҷа Насриддин»-ро ба навор гиранд. Дар ин бора аз Агентии миллии итттилоотии «УзА» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳангоми сафари худ ба Москва аъзои ҳайати Агентии Миллии “Ӯзбеккино” аз корхонаи воҳиди федералии давлатии “Союзмултфилм” дидан намуд.
Ҷонибҳо санади ҳамкории муштарак ба имзо расониданд. «Ӯзбеккино» ва «Союзмултфилм» ба мувофиқа расиданд, ки дар якҷоягӣ силсилафилми аниматсиониро дар бораи Хоҷа Насриддин эҷод кунанд.“Имрӯз ба рушди санъати миллии аниматсионӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад,- мегӯяд директори генералии Агентии миллии «Ӯзбеккино» Ф. Абдухолиқов. — Мо бояд шумораи филмҳои аниматсионии миллиро, ки диққати тамошобини ҷавонро ҷалб мекунанд, зиёд намоем. Ба наздикӣ мо барои сохтани симои ҳунарҳои карикатураи миллӣ озмун эълон карда будем. Мо боварӣ дорем, ки имрӯз ҳамкорӣ бо “Союзмултфилм” самараи хуб хоҳад дод. Аз ҷумла, умедворем, ки тасвири нави слсилафилми аниматсионии Хоҷа Насриддин аз ҷониби тамошобинон гарм пазироӣ хоҳад шуд”.Намояндагони киностудияи «Союзмултфилм» ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ нишон доданд.»Мо 20 соли охир интизори ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон будем. Ва бе мамониат идеяи сохтани силсилафилмро дар бораи Хоҷа Насриддин дастгирӣ мекунем»,- гуфт директори генералии киностудияи «Союзмултфилм» Борис Машковсев.








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






