Ҷавонони тоҷик дар «Шоми байналмилалӣ»-и донишҷӯён дар Германия иштирок карданд

Декабрь 2, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд дар «Шоми байналмилалӣ»-и донишҷӯён (MBA, IA-2019), ки 28 ноябр дар  Донишгоҳи илмҳои амалии Вайенштефан-Трисдорфи Германия (University of Applied Sciences) бо мақсади муаррифии фарҳанги халқиятҳо баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар барнома намояндагони 25 донишгоҳ дар сатҳи ректорҳо, ноибони ректорҳо, профессорон, номзадҳои илм, инчунин сардорони хоҷагиҳои фаврӣ, оилавӣ ва ғайраҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар барномаи ҳамоиши муаррифии фарҳанги «Шоми байналмилалӣ» донишҷӯёни тоҷик дар қатори дигар донишҷӯёни кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Украина, Россия, Сербия, Босния ва Ҳерсеговина, Гвинея, Камбоҷа, Муғулистон, Германия, Парагвай, Таиланд, Эрон ва ғайраҳо бо тадбири фарҳангсароии рамзҳои хоси миллии тоҷикӣ, инчунин инъикоси расму оинҳои миллӣ Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш истиқбол гардид.

Барномаи «Шоми байналмилалӣ» ҳамасола як маротиба баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки таҳсил дар Донишгоҳи илмҳои амалии Вайенштефан тибқи зинаи магистратураи «Идоракунӣ ва соҳибкории кишоварзӣ» (Master of Business Administration in Agriculture) буда, хатмкарда метавонад донишҳои назариявӣ ва амалии худро сайқал диҳад ва вазифаҳои гуногуни роҳбариву машваратии корхонаҳои кишоварзиро ба уҳда гирад. Инчунин хатмкардаи ин донишгоҳ теавонад таҷрибаи ин соҳаро дар таҳқиқоту идоракунии кишоварзӣ ва ширкатҳои хизматрасонӣ муаррифӣ кунад ва дар ҳолати зарурӣ пас аз такмили ихтисоси педагогӣ омӯзгори таълиму тарбия гардад.

Декабрь 2, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд