АЗ МАСҶИДСОЗӢ БА МАКТАБСОЗӢ ГУЗАРЕМ. Бардошт аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 29.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан ҳар яки моро ба андеша  водор месозад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки  «мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем».

Ҳамагон медонанд, ки баъди дарёфти истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзун гардид. Давлат бисёр монеаҳоеро, ки дар ин роҳ ба вуҷуд омада буд, аз байн бурд. Қабул гардидани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», таъсиси мақомоти давлатӣ амсоли Кумитаи дин, танзитми анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба озодию эътиқоди динии мардум, рушди маърифату фарҳанги исломӣ ва таълими динӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти динҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле зиёд ва теъдоди умумияшон ба беш аз 5000 адад расид.

Албатта, ин нишонаи ободии диёр ва осудагии некуаҳволии мардуми мост, аммо дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки, ба қавли Сарвари хирадмандамон «ғами фарзандонамонро ҳам бояд хӯрем».

Зеро фарзандони мо пеш аз ба масҷид рафтан бояд дар боғчаву кӯдакистонҳо тарбият бинанд, дар мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбият ёбанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва соҳибилму соҳибкасб гардида, барои таъмини зиндагии худ, нафъ расонидан ба ҷомеа ва саҳм гузоштан дар пешрафти мамлакат омода шаванд.

Таълимоти ислом ҳам мо мусулмононро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш  ҳидоят менамояд ва ҳадиси «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ» ҳам ба ҳамин манзур аст.

Пайғамбари акрам дар ҳадиси дигар мефармоянд, ки «фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шавад». Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст,  ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст.

Боварӣ дорем, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда  ин шумора  боз ҳам бештар мешавад ва соҳибкорони саховатманду ватандӯсти мо даъвати Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, бо бунёди мактабҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин баробар, итминон дорам, ки ходимони дини мамлакат  ҳам дар мавъизаҳои хеш ба сокинон гӯшзад мекунанд, ки аз сафарҳои такрорӣ ба хонаи Худо, оростани маъракаҳои пурдабдаба, ки барои худнамоӣ анҷом дода мешаванд, ҳиссагузорӣ дар сохтани мактабҳо барои насли ояндасози давлат ҳазорон маротиба савоби бештар дорад ва мақбули даргоҳи Ҳақ аст.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки танҳо он ҷомеае ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки ба тарбияи насли навраси хеш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус карда, таъкид доштанд,  ки  «роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Абдуғаффор ЮСУФОВ,
сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ
ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими назди
                                                                  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон