БАҲРОМ ФИРӮЗ – АДИБИ СОҲИБНАЗАР. Маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» ба ёдбуди муаллифи романи «Ғафлатзадагон» бахшида шуд

Декабрь 14, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд  маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» доир гардид, ки ба поси хоти рва 80-солагии зодрӯзи барандаи Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ, нависандаи номвари тоҷик  Баҳром Фирӯз бахшида шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов доир ба ҳаёти Баҳром Фирӯз иброз намуд, ки «зиндагӣ ва осори ибратбахши олимону адибон, санъаткорону ҳунармандон дарси ибрат барои ҷавонони имрӯз аст, то дарк кунанд, ки хидмати холис ба илм, таърих, адабиёт ва ба мардум ҳамеша қадр мешавад, инсони эҷодкору офаранда дар ҳамаи давру замон иззату икром дорад».

Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Хайрулло Сабуров оид ба фаъолияти корӣ ва адабии Баҳром Фирӯз изҳори андеша намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Баҳром Фирӯз зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар хонаводаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд (1956) ва Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (имрӯза Хуҷанд) мебошад. Як муддат ҳамчун муаллими Институти давлатии педагогии Ленинобод фаъолият намудааст.

Инчунин корманди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ,  мудири шуъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон»), маҷаллаи «Садои Шарқ», мудири бахши адабиёти бачагону наврасони нашриёти «Маориф», мудири шуъбаи адабиёти бадеии рӯзномаи  «Маданияти Тоҷикистон», муҳаррири нашриёти «Маориф», муҳаррири нашриёти «Адиб» ва аз соли 1992 то охири умр чун ходими адабии маҷаллаи «Сайҳун» фаъолият намудааст.

Доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯи «Баҳром Фирӯз- адиби соҳибназар» маърӯза намуда, оид ба осори манзуми адиб, мӯҳтавои он ва ҷанбаи ҳунарии суханвар изҳори назар карда, ба осори насрии нависанда баҳои баланд дод

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар суханронии худ аз шахсияти нотакрори адиби соҳибназар Баҳром Фирӯз ёд кард. Ӯ гуфт, ки сиришти нек ва ҷавҳари поки ин нависанда ба қалами ӯ таъсир кардааст ва нигоштаҳояш инсонро ба роҳи неку рост ҳидоят мекунанд. Осори арзишманди нависанда муаррифи ҷаҳони ботинии ӯст, ки ба ниҳоди хонандагон таъсири нек хоҳад гузошт.

Хотиррасон менамоем, ки Баҳрои Фирӯз муаллифи маҷмӯаи повесту ҳикояҳои «Рухсора», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Тафти дил», «Пеш аз шаби арӯсӣ», «Аз арш то фарш», «Саҳнаи гардон» ва ғайра буда, китоби шеърҳо низ чоп кардааст ва сазовори мукофоти адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва унвони ифтихории Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон гардидааст. Романи нахустин ва охирини ӯ «Ғафлатзадагон», ки пас аз марги шоир чоп  гардида буд, ба воқеаҳои  аввали солҳои 90-уми  Тоҷикистон бахшида шудааст.

Асарҳои  ин адиби номвари тоҷик ба бисёр забонҳои халқҳои ИДМ ва ҷаҳон тарҷума шуда,   дар ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, инчунин дар Булғория, Эрон, Чехия, Япония ва ғайра ба табъ расидаанд.

Декабрь 14, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Китоби нав таҳти унвони «Роғун» ба табъ расид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон, Деваштич, Шаҳристон, Данғара ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд