Беҳтаринҳои Федератсияи футболи вилояти Хатлон дар соли 2019 муайян гардиданд

Декабрь 31, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 31.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон — раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода, ноиби Президенти Фдератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Хатлон, собиқадорони футболи вилоят ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Хатлон — раиси Федератсияи футболи вилоят Қурбон Ҳакимзода аз дастоварду комёбиҳои футболбозони вилоят ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ зикр кард: «Бо мақсади тақвият бахшидани рушди футбол, мукаммал гардонидани маҳорати футболбозон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба футбол, тарғибу ташвиқи он, пайдо намудани истеъдодҳои нав аз байни ҷавонон ва даҳҳо чунин ҳадафҳо дар вилоят Барномаи навбатии рушди футбол барои солҳои 2017-2021 қабул гардидааст. Ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои Барнома дар вилоят як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд».

Варзиш яке аз омилҳои асосии пешгирии амалҳои номатлуб маҳсуб ёфта, таъсиси федератсияҳои гуногун дар ҷумҳурӣ бо ҳамин мақсад амалӣ гардидааст. Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: “Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем”.

Зикр гардид, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш ва оммавигардонии он ба масъалаи бунёду барқарорсозии иншооти варзишӣ дар қаламрави вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 561 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 378 майдонча, 91 адад толори варзишӣ ва 92 майдончаи бозиҳои кӯдакона ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 165 майдончаи варзишӣ, 26 толори варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ сохта шуд, ки барои рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бевосита машқварзии ҷавонону варзишгарон хизмат хоҳанд кард.

“Футбол, ки дар ҳаёти инсон омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо бозигарони футбол, балки халқҳову давлатҳо ба ҳисоб рафта, он барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ҷаҳонфаҳмӣ, тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкории судманди байни кишварҳо хизмат менамояд, имконият медиҳад, ки ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш садди роҳи шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва таъмини ташаккули тарзи ҳаёти солим гардад” — таъкид кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.  Футбол дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ аст, ки инро таърихи ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои умумиҷаҳонӣ борҳо собит сохтаанд.

Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба рушди футболи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст, ки дастаҳои футболи кӯдакону наврасони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 2019 дар миқёси Осиё беҳтарин лига дониста шуд.  Аз ин рӯ, Федератсияи футболи вилояти Хатлон беҳтарин бозигарони кӯдакону наврасон ва ҷавонони мавсими имсолаи вилоятро эълон намуд.

Дар номинатсияи «Футболбози беҳтарини то 13-сола» Равшанбек Нормуродов аз дастаи футболи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав, «Футболбози беҳтарини то 14-сола»  Ҳусейни Абдураҳмон аз дастаи “Дӯстӣ”-и ноҳия Ҷайҳун, “Футболбози беҳтарини то 15-сола” Миқдор Розиқов аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Футболбози беҳтарини то 17-сола” Амирҷони Фаррухзод аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Мураббии беҳтарини кӯдакону наврасони вилояти Хатлон” Ҷавҳаршоҳ Шоҳғиёсов, “Футболбози беҳтарини ҷавон” Сафиоллоҳ Назарзода аз дастаи футболи  “Хатлон”-и   шаҳри Бохтар ва “Мураббии беҳтарини ҷавонон” Камолҷон Ортиқов аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дониста шуданд.

Тайи солҳои охир риштаи футбол бо ҷалби бонувон дар вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар идома номи беҳтарин бонувони футболбозро муайян намуданд, ки дар номинатсияи “Беҳтарин бозигари бонувони то 15-солаи вилояти Хатлон” Дилафрӯз Кучкинова аз дастаи ”Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Футболбоздухтари беҳтарини сол” Лайло Ҳалимова аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Мураббии беҳтарини футболи бонувон” мураббӣ – Ашӯр Гадоев аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Довари беҳтарини сол дар вилояти Хатлон” Наврӯз Воҳидов аз ноҳияи Вахш эълон гардиданд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар мавсими имсола 12 даста ширкат варзида, миёни ҳам рақобат намуданд. Бозиҳо дар сатҳи хуби омодагӣ баргузор гардида, дар варзишгоҳҳо мухлисону ҳаводорони зиёди футбол ҷамъ омада, бозиҳои ҷолибро тамошо намуданд. Ҳамчунин бозиҳо тариқи шабакаҳои телевизион, радио ва сомонаҳои иҷтимоӣ намоиш ва пахш карда шуданд. Дар ин маросим беҳтаринҳои Лигаи дуюм муайян гардиданд, ки инҳо дар номинатсияи “Дарвозабони беҳтарини сол” Миралӣ Муродов аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Муҳофизатгари беҳтарини сол” Нушервон Саъдуллоев аз дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Ниммуҳофизатгари беҳтарини сол” Сайдалии Сафаралӣ аз дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Ҳамлагари беҳтарини сол” Манучеҳр Беков аз дастаи футболи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, “Нишонзани беҳтарини сол” Саймуҳиддин Саймуртазоев аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Мураббии беҳтарини сол” Сиёвуш Боев аз  дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон, “Футболбози беҳтарини лигаи якуми вилояти Хатлон” Муҳсин Мадуллоев аз дастаи футболи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ва “Футболбози беҳтарини сол” Баҳровар Ҳалимов аз дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон дониста шуданд.

Дар охир ба дастаи «Арал»-и ноҳияи Абудураҳмони Ҷомӣ Ҷом ва медалҳои биринҷӣ ва ба бозингарони дастаи «Кӯшон»-и ноҳияи Кӯшониён Ҷом ва медалҳои нуқра тақдим карда шуд.

Футболбозони дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон гардиданд, аз тарафи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Декабрь 31, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад