Бонки ҷаҳонӣ татбиқи муваффақонаи низоми интиқоли пулро дар Тоҷикистон зикр намуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Мулоқоти ҷонибҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» баргузор шуд.
Зимни мулоқот намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ян-Петер Олтерс аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ роҳандозии лоиҳаро мусбат арзёбӣ намуд.
«Низомҳои татбиқшуда барои беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани мавқеи мамлакат дар рейтинги «Пешбурди соҳибкорӣ» мусоидат менамоянд», — зикр намуд ӯ.
Ҳамидулло Машрабзода ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро зикр намуд.
Дар баробари ин, зимни мулоқот ба рушди бахши бонкдорӣ ва ҷорӣ намудани низоми муваффақи автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо бар он мувофиқ буданд, ки низомҳои татбиқшуда инфрасохтори бахши бонкиро устувор гардонида, барои пешниҳод намудани хизматрасониҳои нави пардохтӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ мусоидат менамоянд.








Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид






