Бонки миллӣ: Шаҳрвандон маблағҳои тавассути «Золотая корона» интиқолдодаро метавонанд аз «Амонатбонк» гиранд

Декабрь 27, 2019 16:51

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки нафароне, ки маблағҳояшонро аз 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 аз хориҷи мамлакат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми  «Золотая корона» интиқол дода буданд, рӯзҳои 28 — 30 декабри соли 2019 онро метавонанд   аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат гиранд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкилӣ шаҳрвандон  метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Декабрь 27, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд