Бонки миллӣ: Шаҳрвандон маблағҳои тавассути «Золотая корона» интиқолдодаро метавонанд аз «Амонатбонк» гиранд

Декабрь 27, 2019 16:51

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки нафароне, ки маблағҳояшонро аз 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 аз хориҷи мамлакат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми  «Золотая корона» интиқол дода буданд, рӯзҳои 28 — 30 декабри соли 2019 онро метавонанд   аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат гиранд.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкилӣ шаҳрвандон  метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Декабрь 27, 2019 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад
Антанелла Бассани: «Бонки ҷаҳонӣ дар оянда низ ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад»
11 мутахассиси соҳаи нақлиёти Тоҷикистон дар Ҷопон таҷриба меомӯзад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6852 то 11.9500 сомонӣ муқаррар карда шудааст
Охири моҳи июн дар Тоҷикистон ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳо баргузор хоҳад шуд
«ЭНЕРГИЯИ САБЗ». Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пештози ҷаҳон дар ин соҳа табдил хоҳад ёфт
Дар Тоҷикистон майдони 23 987 гектар ҳосили зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шуд
Ҳамарӯза даҳҳо тонна пиёз ва картошка вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст ва беҳтаринҳо соҳиби ҷоиза шуданд
Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Мушкилоти чорводорӣ. Чаро чорводорони дигар минтақаҳои мамлакат муҳлати ба чарогоҳҳои ноҳияи Сангвор овардани чорворо риоя намекунанд?