БОЗИИ МИЛЛИОНҲО. 10 декабр — Рӯзи умумиҷаҳонии футбол
ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии футбол ҳамасола 10 декабр таҷлил карда мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон бозии футбол ҳаводорони зиёд дошта, аз оммавитарин навъи варзиш маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон бозии футбол пешрафтатарин соҳаи варзиш маҳсуб шуда, байни наврасону ҷавонон аҳамияти махсус пайдо намудааст.
Бо мақсади рушди бозии футбол 26 майи соли 2017 дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид. Дар ин марҳила Барномаи давлатии рушди футбол самти асосии фаъолияти худро ба муҳайё намудани шароити мувофиқ барои рушду инкишофи футбол, ташвиқу тарғиби он миёни аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон равона намудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Кумита дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мунтазам чорабиниҳои дахлдор амалӣ намуда, баҳри муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбута, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш тадбирҳои махсус андешида истодааст.
“Соли равон дар ҷумҳурӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасону ҷавонон (U-13, U-14, U-16, U-17 ва U-18) дар се марҳила аз моҳи апрел то ноябр доир гардида, марҳилаи ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор баргузор гардид.
Инчунин байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин-2019» дар се марҳила (марҳилаи аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм дар сатҳи ВМКБ, вилоятҳо ва минтақаҳо ва марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид.
Баҳри рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва маъруфияти бозии футбол дар ҷумҳурӣ аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии футболи кӯдакона доир гардид. Инчунин фестивали футболи духтарон 11 октябри соли равон доир карда шуд, ки дар он зиёда аз 140 нафар наврасдухтарон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд”,- иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Соли нуҳум аст, ки зери сарпарастии ширкати «Мегафон» мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст!» баргузор шуд. Ғолибони мусобиқоти мазкур — дастпарварони мактаб-интернатҳои ВМКБ ва шаҳри Душанбе дар марҳилаи ниҳоии он дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе 55 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ ба истифода дода шуда, аксари майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол пешбинӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 122 варзишгоҳҳои замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6 ҳазору 619 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол мавҷуд мебошанд. Дар онҳо 29 даста дар Лигаи олӣ ва якум, 585 дастаҳои дӯстдорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷойҳо 11 ҳазору 850 нафар футболбозон ба варзиш фаро гирифта шудаанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврас ва ҷавон фаро гирифта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми солҳои охир назаррас буда, ҷиҳати рушди футбол дар арсаи байналмилалӣ саҳми калон мегузорад. Баланд гардидани баҳогузории рейтинги футболи Тоҷикистон дар феҳристи Федератсияи футболи ҷаҳонӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.
Солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди футбол бештар гардидааст.
Имрӯз футбол «Бозии №1», шоҳи варзиш ва бозии миллионҳо ном бурда мешавад.











«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






