Дар Қазоқистон доир ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид

Декабрь 14, 2019 10:16

ДУШАНБЕ, 14.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал–Форобӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷику қазоқ конфронси илмӣ – амалӣ доир гардид.

Конфронси мазкур дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз ҷониби Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон роҳандозӣ гардид. Дар кори он ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мавриди баррасии илмӣ қарор дода шуд.

Дар кори конфронс Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Баҳодур Назир, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Намояндаи доимии СММ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Властимил Самек, роҳбари Хадамоти масъалаҳои савдо ва иқтисодиёти шаҳри Алмаато Миладин Миладинов, директори генералии куллии USAID дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рабаб Шамайлеҳ, намояндаи ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато Серикжан Атанов, муовини ректори донишгоҳи Қазоқистону Германия, ноиби директори Фонди байналмилалии Арал (МФСА), олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷику қазоқ масъалаи мазкурро мавриди баррасии илмӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери ташаббускор дар масъалаҳои муҳими сайёра дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардида, ташаббусҳои он кас дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби олимону коршиносон ва институтҳои илмию соҳавӣ мавриди баррасии илмӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон дар аксари кишварҳои олам аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вобаста ба ташаббусҳои мазкур барномаҳои миёнамуҳлат амалӣ мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори конфронс сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра, махсусан ташаббуси наҷиби Пешвои миллат дар самти таъмини оби ошомиданӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода шуда, андешаҳои коршиносони ҳарду давлат вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии илмӣ қарор дода шуд.

Декабрь 14, 2019 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад