Дар Душанбе ҷаласаи солонаи Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаи фаъолияти Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон дар соли равон баррасӣ гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа фаъолияти солонаи Иттифоқи мазкур натиҷагирӣ карда шуда, иштирокдорон оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуданд.
Раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр намуд, ки соли равон Иттифоқ бахшҳои худро дар Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон таъсис дод.
«Инчунин мо нақша дорем, ки дар дигар мамлакатҳо бахшҳои худро таъсис дода, беҳтарин китобҳои нашрнамудаи олимони сатҳи ҷаҳониро барои пешравии илм ва беҳтаркунии солимии аҳолӣ ҷамъоварӣ, тарҷума, нашр ва дастраси сокинони мамлакат гардонем», — афзуд мавсуф.
“Зеро,- гуфт Муллозуҳур Тоҳирӣ, — бештар намудани китобхонӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба шумор рафта, дар ин замина Сарвари давлат ба ин масъала дастуру супоришҳои мушаххас доданд”.
«Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Чунки тибқи таҳлилҳо, вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ.
Мақсади асосии Иттифоқи мо, гуфт Муллозуҳур Тоҳирӣ, пойдории сулҳ дар рӯи ҷаҳон, солимию дарозумрӣ, ҳифзи табиати Тоҷикистон ва дӯстии халқҳо мебошад, ки аз сиёсати созандаву дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон моҳи марти соли 2018 таъсис ёфта, фаъолияти худро дар асоси оинномаву барномаи худ идома дода истодааст.
Роҳбарияти Иттифоқ ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон барои ҷалби нависандагон ва табибони мамлакатҳои мухталиф равобити худро густариш диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






