Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад

Декабрь 12, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шудааст.

Фестивали мазкур аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи  якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 20 март оғоз шуд. Марҳилаи  дуюм 8 сентябр дар сатҳи минтақа ва вилоят баргузор гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар даври ниҳоии Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ғолибони марҳилаи  дуюм ва  ҳаводорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории  Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ — эҳё ва рушди намудҳои миллии варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани таърих, фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳамзамон тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ғолибон ва иштирокчиёни Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо Ҷом, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.

Декабрь 12, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид