Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои соли 2019 доир мегардад
ДУШАНБЕ, 23.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими мазкур ба варзишгарони беҳтарини соли 2019 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад.
Инчунин дар ҳамоиш ғолибони Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, техника – технология ва инноватсия, ғолибони Ҷоизаи «Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва ғолибони «Донишҷӯи сол-2019» бо ҷоизаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд.
Дар ин замина, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин варзишгари сол – 2019», «Беҳтарин Федератсияи варзишии сол-2019», «Беҳтарин шаҳри варзишӣ-2019», «Беҳтарин мураббии сол – 2019» ва «Беҳтарин иншооти варзишӣ» қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, соати 15.00 дар толори консертии «Кохи Суруш» баргузор мегардад.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






