Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор оид ба ВНМО ва роҳҳои пешгирии он конференсия баргузор шуд

Декабрь 2, 2019 15:02

ҲИСОР, 02.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шахри Ҳисор  бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯи «ВНМО ва роҳҳои пешгирии он» ва барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам ва бемории ғайримодарзодии норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини коллеҷи тиббии шаҳр иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомади мазкур омӯзгорону табибон дар мавзӯъҳои «Вафодорӣ- ин ҳимояи боэътимод аз сирояти ВНМО», «Роҳҳои пешгирии ВНМО», «Қонунҳо ва ҳифзи шаъну шарафи сироятёфтагони ВНМО» ва «Мубориза бар зидди ВНМО» маърӯза намуда, изҳор доштанд, ки саломатӣ манбаи асосӣ ва қисми ҷудонопазири мавҷудияти инсон мебошад.

Саломатӣ барои ҳар инсон сарвати бебаҳо ба ҳисоб рафта, ояндаи ҷомеа ба шахсияти солим вобаста аст. Айни ҳол ВНМО қариб дар тамоми мамлакатҳои дунё ба таври расмӣ ба қайд гирифта мешавад. То соли 2011  аз он 60 млн нафар сироят ёфта, дар ин солҳо  аз ВНМО 25 млн нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳар як дақика дар ҷаҳон на камтар аз 15 одам ба ВНМО сироят меёбанд.

Ин дар ҳолест, ки  1 декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО — ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил намуд. Аввалин шахсони гирифтор ба ин беморӣ охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Америка ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи  иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли  2018 шумораи гирифторони ин беморӣ  ба 37,9 миллион расидааст.

Ҳарчанд солҳои охир  афзудани бемории  Вируси норасоии масунияти одам    ва  табобатнашаванда будани он   боиси  ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида бошад ҳам, бино ба гуфти олимони соҳаи тиб   он идорашаванда мебошад.

СММ зарур мешуморад, ки барои пешгирӣ ва идора намудани ин беморӣ мамлакатҳоро мебояд барномаҳои милливу давлатӣ қабул ва тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Барои паст намудани хавфи сироят ва паҳншавии ин беморӣ бояд сатҳи дониши тиббӣ ва маълумотнокии одамонро баланд бардошт.

Декабрь 2, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд