Дар Москва Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» доир мешавад

Декабрь 2, 2019 14:30

 ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Ҷаласаи Шӯрои маҳфил бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳандозӣ шуда, он таҳти раёсати раиси Шӯрои намояндагии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия хабар дод.

Дар ҷаласаи Шӯро роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», роҳбарони намояндагии маҳфил дар шаҳр, вилоятҳои Федератсияи Россия ва аъзои фаъоли маҳфил иштирок менамоянд.

Ҷаласаи Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» дар як сол як маротиба доир шуда, дар он вобаста ба тақвияти кори маҳфил дар Федератсияи Россия, амалинамоии нақшаи кори маҳфил, ба роҳ мондани амалишавиии Нақшаи фаъолияти кори маҳфил барои солҳои 2019 -2020, баргузории барномаҳои гуногуни адабию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва ҳамзамон як зумра масъалаҳои ҷорӣ мавридӣ баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дар Федератсияи Россия намояндагии маҳфил дар заминаи дастгириҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия фаъолият намуда, то кунун дар беш аз 25 минтақаи Федератсияи Россия намояндагии маҳфил таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои умумироссиягии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» соати 14:00 ба вақти Москва оғоз шуда, соати 19:00 ба анҷом мерасад.

Декабрь 2, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд