Дар Теҳрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон доир гардид

Декабрь 6, 2019 14:44

ДУШАНБЕ, 06.12.2019/АМИТ «Ховар/. 2-3 декабр  дар Теҳрон ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири нерӯи ин кишвар Ризо Ардакониён роҳбарӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, обу энергетика, телевизион ва радио, ҳамлу нақл ва ғайраро мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Дар фарҷом тарафҳо Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро ба имзо расониданд, ки он тавофуқҳои ба даст омада зимни ҷаласаро инъикос мекунад.

Дар доираи кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ мулоқотҳои  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён ва роҳбарони як қатор ширкатҳои соҳаи обу барқи Эрон баргузор гардиданд, ки зимни онҳо зарфиятҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар самти мазкур баррасӣ шуданд.

Декабрь 6, 2019 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд