ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3000 намунаи гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти ҷамъоварии осори давраҳои пурифтихори миллати тоҷик, ёдгориҳои нодир, осори хаттӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, касбӣ ва мардумии тоҷикон нақши муҳим дорад. Соли 2019 ба фонди Осорхона 3231 адад намунаи гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ворид гардиданд, ки 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхонаи миллӣ харида шуда, 763 ададаш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун эҳдо гардидаанд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз дошт, давоми соли равон Осорхонаи миллӣ беш аз 18 намоишу барномаи гуногун омода ва баргузор намуд.
Аз 11 апрел то 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин Намоиши байналмилалии «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» баргузор гардид. Дар он Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо 15 адад нигораи нодири таърихии марбут ба давраҳои гуногуни миллати тоҷик иштирок намуд. Ҳадаф аз иштирок дар намоиши байналмилалӣ — муаррифӣ намудани осори фарҳангу тамаддуни миллат дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Бино ба иттилои номбурда, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» бо 25 адад асар аз фонди эҷодиёти рассомони машҳури мамлакат дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Бохтар намоиш баргузор намуд.
Соли равон дар Осорхонаи миллӣ китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» (Дирҳамҳои сомонӣ)-и Абдувалӣ Шарифзода муаррифӣ карда шуд. Инчунин 24 сентябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Намоиши байналмилалии аксҳо бахшида ба 70-солагии таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин» ва 8 ноябр ба муносибати 150-солагии Маҳатма Гандӣ таҳти унвони «Ҳаёти ман – паёми ман аст» намоиш баргузор гардид.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли 2019 тақрибан 100 ҳазор нафар тамошобин аз 67 кишвари ҷаҳон аз нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Данг Ти Нгот Тинх, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов, Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов аз ҷумлаи ин боздидкунандагон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо 7 забон сайри осорхонавӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон ба роҳ мондани сайри осорхонавӣ бо забони чинӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои сол маҳсуб мегардад.









Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид






