ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Парвиз Давлатзода: «Равобити фарҳангии Тоҷикистону Чин бою рангин буд»

Декабрь 28, 2019 09:52

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пештар, 17 декабри соли 2019 дар шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи Шаҳрии Пекин (Beijing City University) дар фазои тантанавӣ маросими ифтитоҳи расмии Маркази табодули фарҳангӣ баргузор шуд.

Дар суҳбати кӯтоҳ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода изҳор дошт, ки равобити фарҳангии Тоҷикистону Чин дар соли 2019 бою рангинтар буд. Ифтитоҳи Марказро ҳамчун идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайвандид, метавон арзёбӣ намуд. Сафир ҳамчунин гуфт:

Дар ин иқдом мо идомаи амиқи анъанаҳои бисёрасраи самимона ва дӯстонае, ки ҳамеша кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам пайваст менамуд, мебинем. Албатта, ин аз хусусиятҳои хоси муносибатҳои Тоҷикистону Чин шаҳодат медиҳад. Мо муътақидем, ки кушода шудани «Маркази табодули фарҳангӣ» ва ташкили кори он, бешубҳа, ба рушди ҳамкории гумнитарӣ мусоидат хоҳад кард. Боварӣ дорам, ки ба фаъолияти ин Марказ ҷавонон, ходимони ҷамъиятӣ, ходимони фарҳангу маориф ва санъати ҳарду кишвар ҷалб мегарданд ва ин боиси тавсеаи ҳамкории мо дар соҳаи фарҳангию  гуманитарӣ мегардад. Маҳз аз ҳамин гуна ташаббусҳо ва чунин лоиҳаҳо шарикии стратегии кишварҳои мо гузошта мешаванд.

ДАР АКС: 22 сентябри соли 2019 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири ҶТ дар ҶМЧ Парвиз Давлатзода бо даъвати Ҳукумати мардумии шаҳри Хайани музофоти Тзянсу дар расми ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии «Хайан 2019: Гуфтугӯи тамаддунҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» ширкат варзид.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар асоси бурсияҳо ва стипендияҳои аз ҷониби Ҳукумати Чин ҷудошаванда ва бо роҳҳои хусусӣ зиёда аз 3500 донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсили илм мекунанд. Дар ин ҷода, албатта, афзалият маҳз ба ҳамон ихтисосҳое дода мешавад, ки барои рушди Тоҷикистони муосир, иқтисод ва соҳаи иҷтимоии он зарур ҳастанд.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба забони чинӣ, фарҳангу санъат ва театру кинои Чин афзоиш меёбад. Ду маркази Конфутсия муваффақона фаъолият менамоянд. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Чин ба таври фаъол арзи ҳастӣ дорад, чанде пештар дар назди ширкати саноатӣ-кӯҳкории Тоҷикистон ва Чин маркази табодули фарҳангӣ ва сайёҳӣ кушода шуд.

Чунин тамоюл ҳамчунин дар Чин дар самти омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик мушоҳида мегардад. Дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Пекин забони тоҷикӣ омӯзонда мешавад, дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Шанхай корҳои омодагӣ барои ба роҳ мондани омӯзиши забони тоҷикӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд. Дар Донишгоҳи омӯзгории Синтзян Маркази омӯзиши Рӯдакӣ, дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнсӣ Маркази тадқиқотии омӯзиши таърихи Тоҷикистон  ва дар назди Донишкадаи саноатии касбӣ-техникии Чанҷоу Маркази тадқиқоти Тоҷикистон амал менамояд. Ин омил ҳамчунин саҳми муҳим дар ояндаи муваффақ ва устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин мебошад.

Дар ҳошияи иҷрои талаботи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди дипломатияи фарҳангӣ Сафорат ҷиҳати ба роҳ мондани муаррифии шоистаи фарҳангу санъати миллӣ, ҳамчунин фароҳам овардани симои накӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ба ин чорабинии муҳим тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторовро бо коллексияи мӯди либоси «Чакан-мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО» ва дастаи ҳунармандони тоҷикро таҳти роҳбарии овозхон ва продюсери маъруф Зафар Абдуалимов даъват намуда, барномаи рангини онҳоро пешкаши ҳозирин намуд.

ДАР АКС: ба тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов дар вазъияти тантанавӣ унвони профессори ифтихории Донишгоҳи шаҳри Пекин дода шуд.

Дар идомаи силсилаи чорабиниҳои муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Донишгоҳи шаҳрии Пекин бахшида ба ифтитоҳи «Маркази табодули фарҳангӣ», ба рассом-тарроҳи машҳури тоҷик, роҳбари «Хонаи мӯд»-и Душанбе Хуршед Сатторов унвони Профессори фахрии Донишгоҳи шаҳрии Пекин (Beijing City University) дода шуд.

Соли 2019 дар ҳақиқат дар муносибатҳои дуҷониба бо дарназардошти чорабиниҳои муҳим самаранок ва сербор буд. Дар баробари дастовардҳои намоён дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва таъмини амният, мо дар ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, васоити ахбори омма, варзиш, сайёҳӣ ва робитаҳои байниминтақавии ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

ДАР АКС: муаррифии китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба забони чинӣ дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин.

Дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимон ва коршиносони пешбари Чин ва рӯнамоии муаллифии китоби таърихии пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир гардиданд.

Дар шаҳрҳои Пекин ва Сиан Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муваффақона доир гардиданд. Тоҷикистон дар Намоиши байналмилалии «Дурдонаҳо аз осорхонаи Роҳи бузурги абрешим», Карнавали бошукӯҳи фарҳанги Осиё дар шаҳри Пекин, инчунин дар Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддат дар шаҳри Вэйфан ва Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми «Роҳи абрешим-Хуашан-2019» дар сатҳи шоиста намояндагӣ намуд. Дар доираи иштирок дар Намоиши байналмилалии боғдории ЭКСПО-2019 дар шаҳри Пекин чорабиниҳо ба муносибати «Рӯзи Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Ҳамаи инро мо ҳамчун падидаи мусбате, ки барои боз ҳам наздиктар намудани мардумони мо ва абадӣ гардонидани дӯстӣ мусоидат мекунанд, арзёбӣ менамоем. Ин дастоварди умумӣ мебошад, ки мо ҳуқуқ дорем бо он ифтихор кунем ва онро беш аз пеш афзоиш диҳем.

Имрӯзҳо муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дар асоси шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли ҳамкорӣ метавонад танҳо бо такя ба дастовардҳои маънавии кишварҳои мо ва таҳкими иттиҳоди фарҳангии мардумон ба таври кофӣ устувор бошад. Ба ақидаи мо, маҳз дастовардҳо ва имкониятҳои маънавӣ захираҳои бебаҳое мебошанд, ки бе инобати онҳо ба сатҳи нави пурмуҳтавои ба ояндаи стратегӣ нигарондашуда баровардани ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо душвор мебошад.

Мехоҳам аз ҳикмати машҳур ва пурмазмуне ёдовар шавам: «Фарҳанг –устоди бузурге мебошад, ки чӣ тавр зиндагӣ карданро меомӯзонад».

Тоҷикистон ва Чин – кишварҳои мероси бузурги фарҳангӣ мебошанд ва маҳз ин омили заминавӣ бояд барои наздикшавии минбаъдаи онҳо мусоидат намояд.

Бар он назарам, ки ҷаҳони имрӯза бояд кашф кардани тафаккур ва табиати аслии мардумони моро, ки намояндагони сарчашмаҳо ва арзишҳои баланди тамаддунӣ ва фарҳангӣ, мардумони оқил ва дӯст, меҳмоннавоз ва руҳан қавӣ мебошанд, идома диҳад.

Боварӣ дорам, ки акнун аз пештара дида бештар дар фазои фарҳангӣ ва дар воситаҳои ахбори омма инъикос гардидани симои аслии маънавию фарҳангии мардумони мо бисёр муҳим мебошад. Ин симо бо маънавиёти баланд ва бо ҳикмати зиндагӣ санҷидашуда, инчунин бо такя ба арзишҳои бебақои фарҳанги анъанавӣ тавсиф меёбад.

Дар назди Маркази нав таъсисдодашуда нақшаю вазифаҳои зиёде истодаанд. Пеш аз ҳама, ин ташвиқу тарғиби забони тоҷикӣ, таърих, фарҳанг ва санъати мардуми тоҷик, татбиқи барномаҳои маълумоти умумӣ, баргузории форумҳо, намоишҳо, консертҳо, шабҳои эъҷодӣ, презентатсияҳо ва чорабиниҳои муштараки фарҳангии гуногун мебошад. Марказ ба ташкилотҳо ва шаҳрвандони Тоҷикистону Чин дар истиқрори робитаҳо дар соҳаҳои гуногун: маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, илм ва техника, тиб ва муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ дастгирии иттилоотӣ мерасонад.

Дарҳои Марказ барои дӯстон, шарикон ва ҳамаи онҳое, ки барои онҳо Тоҷикистон азиз буда, таърих, фарҳанг, санъат ва ҳаёти мардуми хушнамою боистеъдоди мо шавқовар аст, ҳамеша кушода хоҳад буд, инчунин барои он нафароне, ки мехоҳанд дар рушди робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Чин саҳми худро гузоранд.

 

Декабрь 28, 2019 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст
«ҲАФТ-СИН» ВА «ҲАФТ-ШИН». Оростани хони наврӯзӣ бо ин рамзҳо нишонаи хайру баракат аст
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бӯстон даври шаҳрии озмун баргузор гардид