ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин миёни давлатҳои минтақа пазируфта шуд

Декабрь 31, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд аз натиҷаи арзёбии соҳаҳои савдо ва сармоягузории давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар соли 2019 нашрияи худро ба чоп расонид, ки дар он Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун намунаи беҳтарин ва дастоварди муҳим миёни давлатҳои минтақа пазируфта шуд.

Дар нашрия ба Портали савдои Тоҷикистон ҳамчун платформаи намунавӣ барои кам кардани вақт ва хароҷот ҳангоми содирот, воридот ва транзит, инчунин сода ва шаффоф гардонидани чораҳои ғайритарифӣ дар савдо баҳои баланд дода шудааст.

Коршиносони созмонҳои мазкур иштироки бахши хусусӣ ва ҷойгир намудани пешниҳоди онҳоро дар Портали савдои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, барои расидан ба рушди босуботи иқтисодӣ ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро яке аз самтҳои асосӣ ҳисоб менамоянд.

Дар айни замон дар Портал маълумот оид ба расмиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитии 51 гурӯҳи номгӯи молӣ, баробар ба зиёда аз 1500 молу маҳсулот, аз ҷумла расмиёти содиротии 19 номгӯй маҳсулот, расмиёти воридотии 30 номгӯй маҳсулот ва расмиёти транзитии 2 номгӯй маҳсулот ҷойгир карда шудааст.

Инчунин дар Портали савдои Тоҷикистон маълумоти оморӣ оид ба имкониятҳои содиротии мамлакат, давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ дарҷ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Портали савдои Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат, инчунин  иҷрои уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди Созмони Ҷаҳонии Савдо, хусусан моддаи 1.2 Созишномаи Созмони   мазкур  оид ба содагардонии расмиёти савдо, тақвияти иқтидори содирот ва содагардонии расмиёти савдо расман 26 апрели соли 2019 мавриди амал қарор гирифт.

Портали  савдои Тоҷикистон  аз ҷониби  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва бо кумаки шарикони рушд — Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария, БР СММ ва САҲА таҳия гардидааст. Он ба соҳибкорони  ватанӣ ва хориҷӣ  имкони гирифтани маълумот  оид ба ҳуҷҷатгузории  содирот ва воридоти молро дода, инчунин ба онҳо  дар мавриди сарфаи вақт ва хароҷот сабукӣ   меорад.

 

Декабрь 31, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд