ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон сазовори ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон – «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид

Декабрь 27, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон- «The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

«Мояи хушнудиву сарфарозии мост, ки бо шарофати ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамон мувофиқи сарчашмаҳои хабарии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намуда истодааст. Арзёбии Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи The BIZZ Business Excellence Award 2019 шуд», — иброз доштанд дар Кумитаи сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Конфедератсияи умумиҷаҳонии тиҷорат WORLDCOB соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ғолиби ин ҷоиза эълон намуд. Ҷоизаи мазкурро WORLDCOB фаъолияти босамар ва ислоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки тӯли 14 сол WORLDCOB дар байни созмонҳои байналмилалии тиҷорат пешсаф буда, дар беш аз 130 кишвар рушди тиҷоратро пеш мебарад. Конфедератсияи умумиҷаҳонии тиҷорат WORLDCOB ба рушди ширкатҳо ва фаъолияти пурсамари соҳибкорон мусоидат намуда, дастовардҳои онҳоро тавассути ҷоизаи BIZZ ва сертификатсияи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ эътироф мекунад.

Ҳадафи ин созмон ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ширкатҳо тавассути эътирофи сатҳи аълои тиҷорат, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нави тиҷорӣ барои аъзо ва ташаккули фарҳанги масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошад.

Зиёда аз 3000 ширкат аз зиёда аз 130 давлати дунё узви WORLDCOB мебошанд. Дар 14 соли охир ин ширкат дар саросари ҷаҳон беш аз 100 маросим баргузор кардааст.

Бояд гуфт, ки маросими ҷоизасупории мукофоти навбатии BIZZ дар шаҳри Лиссабони Португалия 23-24 майи соли 2020 баргузор мешавад.

Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи мамлакат дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати амну субот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ин омил барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин ва камназиранд. Дар ин робита, пеш аз ҳама ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми содакардашудаи дастрас намудани раводид, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ соли 2018 низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Ду сол муқаддам  Пешвои миллат  дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум соли 2018-ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  намуданд.

Воқеан ҳам аз ҷониби  Сарвари давлат  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чунин изҳор намуда буд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон сабаб мегардад, миннатдорам. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ ва истифодаи неруи сайёҳии мамлакат  қадамҳои устувор гузошта истодааст ва соҳаи мазкур солҳои наздиктарин ба яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум табдил хоҳад ёфт».

Гуфтаҳои Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвилӣ дар ҳолест, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли дигар — солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд, ки ҳадаф рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба давлати туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бои туристӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки оғози соли 2019 Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст.

Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд.

Инчунин дар рӯзҳои аввали соли 2019  рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки  Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб ва мафтун намудааст.

Моҳи ноябри соли равон Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст.

Дарвоқеъ, натиҷаи тадқиқоти чунин як маркази таҳлилии ҷаҳонӣ барои ҳар давлат хеле муҳим дониста мешавад. Зеро дар шароити пурихтилофи вазъияти муосир, авҷи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва тундрав, ки ҳамарӯза метавонанд хатар эҷод кунанд, дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ таъмин кардани амнияти шаҳрвандон ва меҳмонон нишондиҳандаи кори шоистаи мақомоти амниятӣ ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофир интиқол дода шуд
Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд