ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгари сол байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш
ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони «Беҳтарин варзишгари соли 2019 байни ҷавонон аз рӯи намуди олимпии варзиш»-ро бо 50 ҳазор сомонӣ ба паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков тақдим намуд. Маросими эътои ҷоизаҳои соли Кумитаи ҷавонон ва варзиш 24 декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт доир шуд.
Тавре дар маросими ҷоизасупорӣ зикр гардид, Сомон Маҳмадбеков нахустин варзишгари тоҷик аст, ки моҳи октябри соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон оид ба гӯштини дзюдо унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Ӯ дар вазни 73 килограмм бар варзишгарони Кеп Верд — Семедо Клаудиано, Қирғизистон — Асад Масабиров, Белгия — Абдул Малик Умаев, дар даври чорякниҳоӣ бар намояндаи Италия Эдуардо Мелла, дар нимфинал бар Самуэл Гасснер аз Австрия ва дар финал бар Георгий Элбакиев аз Россия дастболо шуда, соҳиби медали тиллои чемпионат гардид.
Сомон Маҳмадбековро қаблан барои ин пирӯзӣ бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ низ сарфароз гардонданд.
Сомон Маҳмадбеков дар шаҳри Иркутски Россия зиндагӣ ва таҳти роҳбарии амакҳояш машқи гӯштин мекунад. Вале Сомон, тавре расонаҳо навиштаанд, чандин пешниҳоди ҳунарнамоӣ аз номи Россияро рад карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳатман таҳти парчами Тоҷикистон ба майдон мебарояд.
Сомон Маҳмадбекови 20-сола аз соли 2015 дар мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо иштирок мекунад ва то ин вақт медалҳои тиллои Ҷоми Африқо миёни ҷавонон (Тунис, 2017), Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Арад, 2017), Ҷоми Осиё миёни калонсолон (Ҳонгконг, 2018), медали нуқраи Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон (Коимбра, 2018), медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017)-ро мушарраф гардида, дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон соли 2019 дар Токио маҳорати хуб нишон дод ва ҷои 5-умро ишғол намуд.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






