Дастпарвари футболи тоҷик мураббии беҳтарини Премйер-лигаи Россия эътироф шуд

Декабрь 17, 2019 17:20

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабри соли равон  сармураббии дастаи футболи «Арсенал»-и шаҳри Тулаи Федератсияи Россия, зодаи Тоҷикистон ва собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе Игор Черевченко мураббии беҳтарини Премйер-лигаи Россия эътироф шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Премйер-лигаи Россия хабар медиҳад.

Дар баробари сармураббии дастаи «Арсенал» ҳамчунин Сергей Семак («Зенит»), Вадим Евсеев («Уфа»), Дмитрий Парфёнов («Урал») ва Тимур Шипшев («Тамбов») низ муддаии ин ҷоиза буданд.

Бояд тазаккур дод, ки аксарияти мухлисон ба сармураббии дастаи «Зенит» овоз доданд, аммо коршиносони шабакаи телевизиони варзишии «Match TV» ва Препйер-лигаи Россия Игор Черевченкоро интихоб карданд.

Моҳи декабр дастаи Черевченко тавонист чунин дастаҳои пурқуввати футболи Россияро, ба монанди КМВА (1:0) ва «Локомотив» (4:0) мағлуб созад. Махсусан бозӣ бо роҳиоҳанчиён таъсирбахш буд.

«Арсенал» дар майдони худ бозии хуб ҳамоҳангшуда, мутавозин ва ба таври возеҳ муқарраршуда нишон дод. Дар нимаи аввали бозӣ тамоми варзишгоҳ ба мусовӣ розӣ буд, вале пас аз ҳамлаҳои паиҳами «Арсенал» дар нимаи дуюм маълум гардид, ки дар ин рӯз дастаи Черевченко танҳо барои ғалаба бозӣ мекунад.

Дар ҳар як амали бозигарон боварӣ ва хоҳиши то вопасин дақиқаи бозӣ мубориза бурдан мушоҳида мешуд. Чунин фидокорӣ ба шикасти ниҳоии «Локомотив» оварда расонд.

Зимнан, бозии «Арсенал» ва «Локомотив» як навъ пойга (дерби) байни ду «тоҷикистонӣ» буд. Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар шаҳри Душанбе дар оилаи бозигари дар гузашта машҳури «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко таваллуд шудааст. Омӯзиши ибтидоии футболро дар мактаби варзишии Душанбе, ки дар он рафиқони собиқи падараш аз дастаи «Помир» ҳамчун мураббӣ кор мекарданд, гузаштааст.

Ӯ дар дастаи ҷавонон ва калонсолони «Помир»-и Душанбе бозӣ кардааст. Соли 1992 дар синни 18-солагӣ чемпиони Тоҷикистон шуд. Солҳои 1993-1994 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозидааст. Пас аз рӯйдодҳои маълум дар мамлакат оилаи Черевченко ба Россия кӯчид. Дар он ҷо Игор дар дастаҳои пешрафта бозӣ кард.

Соли 2015 ӯ «Локомотив»-и Москва ва баъдан «Балтика»-и Калининградро роҳбарӣ кард. Аз 13 ноябри соли 2018 ӯ сармураббии дастаи «Арсенал»-и Тула мебошад. Дар мавсими солҳои 2018-2019 «Арсенал» таҳти роҳбарии Черевченко дар чемпионати Россия ҷои шашумро ишғол карда, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои аврупоиро ба даст овард.

Сармураббии дастаи «Локомотив»-и Москва Юрий Сёмин низ бо «Помир» робита дорад. Солҳои 1983-1985 ӯ сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе буд ва дар муваффақиятҳои баъдии ин даста саҳми бузург гузошт.

Игор зуд-зуд ба Тоҷикистон меояд. Ҳамасола дар Душанбе бахшида ба Геннадий Черевченко мусобиқаи бачагона гузаронида мешавад, ки Игор ба ин ҷо барои гиромидошти хотираи падараш омада, шахсан ба ғолибони мусобиқа медалҳо тақдим мекунад.

Декабрь 17, 2019 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид