ДИҚҚАТ! ЗАМИМАИ МОБИЛИИ «ОSON». Интиқоли фаврии маблағҳо аз Россия ба Тоҷикистон бе комиссия (изофапулӣ)
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сарфи барзиёди вақт дар навбатҳои бонкӣ, дастнорасии истифода аз хизматрасониҳои бонкӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ- ин рӯйхати нопурраи нороҳатиҳоест, ки имрӯзҳо мо метавонем бо онҳо дучор оем. Мо одат кардаем, ки низомҳои зиёди интиқоли маблағҳо ҳузури моро дар бонкҳо талаб намуда, танҳо дар вақти корӣ ва дар мавриди ҳатман бо худ доштани шиноснома амалӣ мегарданд. Инак ҳама чиз ба таври дигар сурат мегирад!
Бонки байналмилалии Тоҷикистон (ББТ) бо изҳори ғамхорӣ барои мизоҷони худ иқдоми барои имрӯз беназир-замимаи «Оson»-ро таҳия намудааст, ки қобилияти ба таври фаврӣ интиқол додани маблағҳоро аз Россия ба Тоҷикистон дар дилхоҳ вақту ҳама гуна вазъи ҳаво ва муҳимтар аз ҳама- бе навбат тӯли 24 соати 7 рӯзи ҳафта дорад,-хабар доданд аз ББТ ба АМИТ «Ховар».
Замимаи «Оson» чист?
Тавре ба хабарнигори мо дар бонки мазкур иттилоъ доданд, ин, дар навбати аввал, усули боэътимод, ниҳоят мувофиқ ва дастраси интиқоли маблағҳо дар дилхоҳ вақти шабонарӯз, чӣ дар рӯзҳои корӣ ва чӣ рӯзҳои истироҳатию ҷашнӣ мебошад. Ба мизоҷон дубора супоридани маблағ зарур нест, зеро ин замима пули изофагӣ намегирад.
Зимни таҳияи замимаи мобилӣ мутахассисони ББТ тамоми мураккабиҳои истифодаи онро бартараф намуданд, то он дӯсти боэътимоди аҳолӣ гардад.
Дар худи замимаи «Оson» шумо истинод ба роликро мебинед, ки чӣ гуна ба зудӣ метавон пардохтро анҷом дод.
Бо кумаки ин замима шумо метавонед аз дилхоҳ кортҳои Россия ба тамоми кортҳои «Корти Миллӣ» ва кортҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳисобҳо дар Бонки байналмилалии Тоҷикистон маблағ интиқол диҳед.
Замима аз тобистони соли равон фаъол аст. Истифодабарандагон аллакай ба он баҳои арзанда доданд. Қобили зикр аст, ки шумораи истифодабарандагон ҳамарӯза меафзояд ва доираи амалиёти интиқоли маблағҳо аз Россия ба Тоҷикистон васеъ мегардад.
Замимаро метавон дар сонияҳои башумор дар APP Store ва Play Market (OSON: интиқоли маблағҳо мустақим (онлайн) дар Тоҷикистон) ва дар сомонаи www.ibt.tj нусхабардорӣ намуд.









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






