Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид.
Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Дилфуза Ҳоҷиева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
Озмуни мазкур 22-23 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гузаронида мешавад.
Тибқи низомонома, даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳайати комиссияи озмун аз рӯи шартҳои худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо), санҷиши дониши тахассусӣ, сатҳи забондонӣ, навиштани кори хаттӣ вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон бо Ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






