Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид

Декабрь 27, 2019 10:01

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Дилфуза Ҳоҷиева ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол – 2019» эълон гардид.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Дилфуза Ҳоҷиева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.

Озмуни мазкур 22-23 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотӣ олии касбӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин  Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гузаронида мешавад.

Тибқи низомонома, даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳайати комиссияи озмун аз рӯи шартҳои худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо), санҷиши дониши тахассусӣ, сатҳи забондонӣ, навиштани кори хаттӣ вобаста ба мавзӯи сиёсати давлатии ҷавонон маҳорату малака ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон  бо Ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади ҳалли масоили ҷавонон ва насли наврас аз оғози истиқлолият ҳамаи чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Зеро ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дастгириву ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷавобан ба ин ҷавонон низ бо илму дониш, азму иродаи қавӣ дар рушду инкишофи ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.

Декабрь 27, 2019 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд