Экологҳо: «Тақрибан 15%-и ҳолати фавти аҳолии сайёра ба ифлосшавии муҳити зист вобаста мебошад»
ДУШАНБЕ, 20.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 15%-и ҳолати фавти аҳоли сайёра ба ифлосшавии муҳити зист вобаста мебошад. Дар ин хусус гурӯҳи байналмилалии экологҳо, ки вазъи саломатии аҳолиро дар 10 давлати сатҳи рушди иқтисодияшон гуногогун таҳлил ва хулосабарорӣ намудаанд. Ҳисоботи марбута рӯзи чоршанбе дар шаҳри Вашингтони ИМА ба Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи саломатӣ ва ифлосшавии муҳити зист пешниҳод гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Ба иттилои таҳлилгарон, чунин омилҳо, ба монанди ифлосшавии об, вазъи номусоиди ҳаво ва шароити вазнини меҳнат, ҳамасола сабаби марги 2,3 миллион одам дар Ҳиндустон ва 1,8 миллион дар Чин мегардад. Ба панҷгонаи аввал инчунин Индонезия, Нигерия ва Покистон ворид мешаванд. Дар ИМА, ки дар ин рӯйхат дар ҷойи 7-ум қарор дорад, дар як сол бо чунин сабаб қариб 200 ҳазор нафар мефавтанд.
«Ҳисоботи мо ин маротиба оид ба он маълумот медиҳад, ки масъалаҳои экологӣ бояд дар ҷои аввал истода, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мамлакатҳо қарор гиранд», — изҳори боварӣ намуд директори иҷроияи Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи саломатӣ ва ифлосшавии муҳити зист Рейел Купка.
Дар раванди тадқиқот мутахассисон чунин далелҳо, аз қабили норасоии оби ошомиданӣ, оқибати нодуруст истифода бурдани печҳо ва ошхонаҳо, инчунин ифлосшавии ҳаво тавассути воситаҳои нақлиётро муайян намуданд.
Дар баробари ин, таҳлилгарон оқибатҳои тамокукашӣ, шароити номусоиди истеҳсолот, кор бо маҳлулҳои кимиёӣ, металлҳои зараррасон ба инсон ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор доданд
Ба иттилои муаллифи ҳисоботи Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи саломатӣ ва ифлосшавии муҳити зист, ҳамаи омилҳои номбаршуда сабаби зиёд шудани марги бармаҳали инсон мегарданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






