Футболбозони дастаи «Моҳир» бо ҳисоби 13 бар 1 дастаи «Пахтакор»-ро мағлуб карданд

Декабрь 3, 2019 15:42

ЁВОН, 03.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболбозони «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар майдони худ дастаи «Пахтакор»-и Қубодиёнро бо ҳисоби 13 бар 1 мағлуб намуд. Ин охирин бозии дастаи «Моҳир» имсол миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон буда, даста  ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд.

Дастаи  «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар мавсими имсола 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом дода, ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид намудааст.

Даста дар маҷмӯъ соҳиби 56 хол гардида, ба Лигаи якуми  футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Бозингари ин даста Баҳровар Ҳалимов бо задани 32 гол беҳтарин нишонзани ин чемпионат шинохта шуд.

Декабрь 3, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод