Дар Маҷлиси намояндагон вазъи пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи вазъи пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ, таъсири он ба рушди иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки масъалаи мазкур зимни муҳокимаи парлумонӣ баррасӣ шуда, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова оид ба вазъи низоми бонкии Тоҷикистон сухан карданд.
Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки пешбурди сиёсати дурусти пулию қарзӣ яке аз масъалаҳои муҳокимашаванда дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. «Аз ин рӯ татбиқи муваффақонаи ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад», — афзуд мавсуф.
Зикр гардид, ки айни ҳол новобаста аз ҷой доштани шароити мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ низоми бонкии мамлакат фаъолияти худро баҳри таъмини дастрасии молиявӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ идома дода истодааст.
Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ ва натиҷагирии ташкилоти молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ танзими низоми бонкӣ дар Тоҷикистон пурзӯр гардида, вазъи он рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ қарор ва тавсияи дахлдор қабул карда шуд.
Акс аз бойгонӣ








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад






