Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва тиббиро аз муомилот гирифт

Декабрь 24, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми 11 моҳи соли равон зимни гузаронидани санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ ва ду анбори ғайриқонунии ҷумҳурӣ  зиёда аз 1 ҳазору 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз муомилот бозпас гирифтааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти мазкур хабар медаҳад.

Гуфта мешавад, ки ба он асосан номгӯи маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда ворид мебошад.

«Давоми 11 моҳ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мутобиқи нақша корҳои омодасозӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридоту содирот, назорати фаъолияти фарматсевтӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ ва бақайдгириро идома дод», — афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем ки айни ҳол дар Тоҷикистон 2 ҳазору 528 муассисаи фарматсевтӣ, аз ҷумла 507 адад дар шаҳри Душанбе, 332 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 712 адад дар минтақаи Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, 910 адад дар вилояти Суғд ва 67 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 24, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад