ИНТИХОБОТ-2020. Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.
Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад. Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.
Бояд гуфт, ки аъзои Комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Аъзои Комиссия қарор қабул намуданд, ки дар ҳудуди мамлакат 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян гардид.
Ёдовар мешавем, ки иштирокдорони ҷаласа мутобиқи талаботи қонунгузорӣ намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро тасдиқ намуданд.








Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»






