КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат вохӯриҳо доир менамояд

Декабрь 30, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшаи чорабиниҳо омода намуда, дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ суҳбату вохӯриҳо доир менамояд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур иброз намуд.

Дар маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, раисону муовинони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Иштирокдорон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун дастурамали корӣ  фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад.

Аз ин лиҳоз раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша вохӯриҳоро баргузор намоянд, таъкид намуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов сухан карданд.

Аз аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ба амал оварда шуд, ки бо такя ба неруи тавонои хеш дар тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошанд ва баҳри татбиқи онҳо кӯшиш намоянд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Декабрь 30, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд