Корманди «Тоҷикстандарт» «Метрологи хизматнишондодаи Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» гардид

Декабрь 31, 2019 08:31

ДУШАНБЕ, 31.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода  соли 2019 бо унвони ифтихории «Метрологи хизматнишондодаи Кумитаи «Ҳамкории АвруОсиёгии муассисаҳои давлатии метрологӣ» (КООМЕТ)  ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардид.

Мавриди зикр аст, ки бо ин унвон мукофотонидани мутахассиси бахши метрологии Тоҷикистон дар радифи мутахассисони кишварҳои хориҷӣ дар ҷаласаи  29-ми КООМЕТ, ки  аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Дрездени Германия доир гардид, дар таърихи ҳамкории Тоҷикистон бо КООМЕТ бори  аввал буда, мояи ифтихор аст.

Зеро дар байни 21  пажӯҳишгоҳи  миллии  метрологӣ ҳамагӣ  5 нафар ба ин унвони ифтихорӣ сазовор гардиданд.

 

 

 

Декабрь 31, 2019 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар муқоиса ба соли 1991 истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон 4,7 баробар зиёд гардидааст
Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад