Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» таваҷҷуҳи хонандагонро ба мутолиаи китоб бештар мегардонад

Декабрь 7, 2019 09:54

ХОРУҒ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии “Мактаби президентии шаҳри Хоруғ” дар доираи лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» маҳфили навбатӣ баргузор гардид. Ин лоиҳа дар асоси қарордоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии Амрико роҳандозӣ шуда, ҳадафи он ба сатҳи баланд бардоштани  натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад.

Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» яке аз лоиҳаҳои муштараки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шумор меравад. Мутобиқи ин лоиҳа омӯзгорону хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо маводи босифати хониш ва мувофиқ ба синн ва суннату фарҳанг таҳияшуда таъмин гардида, барои шинос намудани омӯзгорон бо усулҳои нави таълим давраҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов китобхониро як рукни муҳими таълим шумурда, изҳор дошт, ки баъди лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» воқеан таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон  ба мутолиаи китоб бештар  гардидааст. Ба даст овардани пирӯзиҳои назаррас дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ як навъ афзоиши таваҷҷуҳи хонандагонро ба китоб нишон медиҳад. Ҳадафи ниҳоии лоиҳа он аст, ки хонандагон аз даврони кӯдакӣ ба китобхонӣ меҳру муҳаббат пайдо кунанд ва аз ҳама муҳим,  мафҳуму моҳияти асарро дарк намоянд. Дар ин кор нақши волидайн низ басо муассир  буда, бе кумаку дастгирии онҳо татбиқи лоиҳа ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ бояд кӯшиш намоянд, ки робитаи худро бо оила қавӣ гардонанд.

Директори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Шодигул Қонунзода изҳор медорад, ки китоб тахайюлоти бадеии хонандагонро равнақ медиҳад, барои баргузор кардани барномаҳои фароғатию зеҳнӣ ва маҳфилҳои фарҳангӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Барномаи адабӣ-мусиқие, ки хонандагони синфҳои ибтидоӣ мустақилона таҳия ва зимни маҳфил манзури ҳозирин гардонданд, аз ин шаҳодат медиҳад. Барнома хеле пурмуҳтаво ва шавқовару рангин буд.

Муҳлати лоиҳаи «Ҳамроҳ  бихонем» барои панҷ сол пешбинӣ шуда, барои  зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, муаррифии усулҳои муосири таълим ва тавсеаи ҳарчи бештари ҳамкорӣ байни мактаб ва оила нигаронида шудааст.

Декабрь 7, 2019 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид