Насим Олимзода: «Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-намунаи олии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ»

Декабрь 18, 2019 09:14

ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» басо пурсамар амалӣ гардида, онро метавон намунаи олии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни як ҷаласа баён дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, 17 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷагирии татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки татбиқи Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои 2 солу 6  моҳ тамдид гардид. «Дар ин муддат метавон дар сатҳи ноҳияҳо корҳои зиёде ба иҷро расонид. Аз ҷумла, дар 6 ноҳияи таҷрибавие, ки ба ин Лоиҳа нав ҳамроҳ мешаванд, дар ҷодаи ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, расонидани хизмати босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолии деҳот, рушди неруи кадрӣ имконоти зиёде фароҳам оварда мешаванд»,- афзуд Насим Олимзода.

Мавриди зикри хос аст, ки рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини шароити зарурӣ барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафда, дар ин ҷода саҳми шарикони рушд низ назаррас мебошад.

Декабрь 18, 2019 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид