ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 18.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифтани он дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо боришоти шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани он дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






